«САДОИ ВАҲДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад

Июнь 25, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ таҳти унвони «Садои Ваҳдат» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин театр иттилоъ доданд.

Дар барномаи фарҳангӣ пианинонавозони дохил ва хориҷи мамлакат ва навозандагон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия иштирок мекунанд.

Дар барномаи фарҳангӣ пианинонавози тоҷик Самир Абдураззоқов, ки аз синни ҳабдаҳсолагӣ дар давлатҳои Авруосиё эътироф  шудааст, барномаи хуберо пешниҳод менамояд.

Ҳамчунин дар ин рӯз асарҳои Толиб Шаҳидӣ, Арам Хачатурян, Дмитрий Шостакович, Александр Бородин ва асари «Валс», «Зумрад» аз ҷониби ҳунармандони манзури ҳаводорони санъати асил мегардад.

 АКС: Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Июнь 25, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад