Сафири Тоҷикистон бо Директори департаменти робитаҳои давлатӣ ва байналмилалии ширкати Caterpillar мулоқот намуд

Июнь 18, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо Директори департаменти робитаҳои давлатӣ ва байналмилалии ширкати Caterpillar Кэти Ҳейс мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, Завқӣ Завқизода иқтидор ва имкониятҳои мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар инфрасохтори соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва истихроҷи маъдан муаррифӣ намуд.

Аз роҳбарияти ширкати Caterpillar даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон дар самти техникаи сохтмонӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи густурдаи худ васеъ намояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Июнь 18, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид