Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои ҳамкории кумита бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар оянда муайян гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ аз сатҳи ҳамкории муштарак бо ЮНИСЕФ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии кумитаро барои таҳкими бештари ҳамкорӣ иброз дошт.
Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен таваҷҷуҳи вижа ва иродаи қавии Ҳукумати Тоҷикистонро ба рушди зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва қарор додани он дар авлавиятҳои стратегии давлат баланд арзёбӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки чунин муносибати хирадмандона ва дурандешонаи Ҳукумати Тоҷикистон ба ин соҳа намунаи барҷаста ва ибрат барои бисёр давлатҳо мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо таъкид намуданд, ки оғози марҳилаи нави ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030, ки дар марҳилаи тасвиби ниҳоӣ қарор дорад, заминаи мустаҳкам ва имкониятҳои васеъро барои густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи таҳсилоти касбӣ фароҳам хоҳад овард.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






