Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмиллалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд

Июнь 17, 2026 20:39

ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар Форуми байналмиллалии сармоягузории Тошканд иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Сарвазири кишвар доир шудани Форуми мазкурро барои рушди робитаҳо дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки талошҳои муштарак ба фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ, шарикии байниминтақавӣ ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ нигаронда шудаанд.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 110 корхона бо сармояи Узбекистон фаъолияти назаррас дорад. Шумораи ширкатҳои фаъол бо сармоягузории Тоҷикистон дар Узбекистон аз 400 адад гузаштааст.

Сарвазири кишвар зимни муаррифии имкониятҳои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон таъкид намуд, ки пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии доимии бахши хусусӣ, ворид шудани технологияи муосир ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намуд.

Тазаккур дода шуд, ки соли 2025 ба иқтисоди Тоҷикистон қариб 7 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба соли 2024 35 дарсад зиёд аст. Ҳоло дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад.

Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд  бо ташкилотҳои молиявӣ, сармоягузорон ва ҷомеаи тиҷоратӣ омода аст.

Июнь 17, 2026 20:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид