ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
ДУШАНБЕ, 01.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои миллӣ навъҳои картошкаи «Тоҷикистон» ва «Нилуфар»-ро тавассути селексия таҳия кардаанд, ки дорои оҳан ва йод мебошанд. Дар ин хусус мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон, профессор Қурбоналӣ Партоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи олим, лундаҳои навъи картошкаи «Тоҷикистон» дорои оҳани зиёд ва навъи «Нилуфар» дорои йод мебошанд, ки барои пешгирии бемориҳои камхунӣ ва ҷоғар аҳамияти калон доранд. Олимони институт, инчунин навъи нави топинамбурро бо номи «Сарват» таҳия кардаанд. Лундаҳои нави топинамбур миқдори зиёди инулин доранд, ки барои пешгирии бемории диабет муҳим ҳисобида мешавад.
Ҳамин тариқ, истеъмоли шарбат аз ин се намуди растанӣ, ки аз ҷониби олимони институт ба даст оварда шудаанд, метавонад ба пешгирии бемориҳо, махсусан камхунӣ, ҷоғар ва диабет мусоидат кунад. Олимони институт пешниҳод мекунанд, ки технологияи истеҳсоли шарбат аз ин се растанӣ ҷорӣ карда шавад.
АКС аз бойгонии профессор Қурбоналӣ Партоев








Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






