Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн бориши бошиддати борон боиси омадани сел дар километрҳои 138 — 143 — уми роҳи Душанбе — Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) гардид. Ба ин макон фавран техникаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар ва оқибати офати табиӣ дар муддати кутоҳ бартараф гардид. Дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ва моддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Рӯзҳои охир дар мамлакат, хоса дар масрири Душанбе – Чаноқ бориши бошиддати борон боиси омадани сел, лағзиши кӯҳпора, фуруравии роҳ ва сангфароӣ гардид. Пайомадҳои офати табиӣ, махсусан дар минтақаҳои Варзобу Зарафшон ногувор буда, барои бетаъхир бартараф кардани онҳо кормандони филиал аз имкони мавҷуда самаранок истифода намуданд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи чунин офатҳои табиӣ, ки чанд соли охир рух медиҳанд, даҳҳо километр роҳи Душанбе – Чаноқ осеб дида, зарурати таъмири куллии масофаи зиёди он ба миён омадааст. Ба ибораи дигар, дар аксар қитъаҳои осебдида роҳ бояд аз нав сохта шавад.
Роҳбарияти филиали ширкат ин равандро зери назорати доимӣ қарор дода, дар ҳолати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарини роҳ пайи рафъи он чораҳои фаврӣ меандешад. Доираи фаъолият дар ин самт хеле васеъ буда, ҳамасола қариб 50 ҳазор тонна асфалт харҷ мешавад.
АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






