Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад

Июнь 4, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар деҳаи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» баргузор гардида истодааст. Чилдухтарон на танҳо ёдгории нодири табиӣ, балки рамзи пайванди таърих, фарҳанг, маънавиёт ва табиати зебои сарзамини мост.

Мавзеи «Чилдухтарон» яке аз зеботарин ҷойҳои табиии ҷануби Тоҷикистон мебошад. Он дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар километри 250-уми самти ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Кӯҳи Чилдухтарон дар масофаи 28 километр дар қисмати шимолии маркази ноҳияи Муъминобод, назди деҳаи Дашти ар-ар ҷой гирифтааст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат аст, ки дар натиҷаи шамолҳои тӯлонӣ суфта шудаанд.

Вобаста ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Тибқи ривоятҳо, чил пайкараи сангии кӯҳи Чилдухтарон нишонаи покдомании занони тоҷик мебошад.

Харсангҳои аҳромшакл барои ҳар бинанда муҷассамаи олиҳаи зебоӣ ва рамзи покию ватандӯстӣ мебошанд. Ин макони беназир бо маҷмуи табиии сангҳои сурх, зебоии фавқулода ва номи шоиронаи Чилдухтаронаш сайёҳонро ҷалб менамояд.

Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» диққати ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро торафт бештар ба худ ҷалб месозанд.

Сокинони мамлакат низ ба ин мавзеи сайёҳӣ зиёд сафар намуда, дар рушди сайёҳии дохилӣ саҳм мегузоранд. Ба навор гирифтану маълумот пешниҳод кардани ҳар сайёҳи дохилӣ аз зебоӣ ва таърихи ин макон далели ин гуфтаҳо аст. Инчунин ба ин васила сайёҳони хориҷӣ ба мамлакати мо бештар ҷалб мегарданд.

Сайёҳон дар ин макон аз хӯрдани таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши бурида, шакароб, қурутоб, инчунин аз маззаи нонҳои тоҷикӣ ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза лаззат мебаранд. 138 навъи растаниҳои шифобахш, 45 навъи растании асаловар ва 98 навъи растании ғизоие, ки дар ин минтақа мерӯянд, далели боллазат будани хӯрокҳои миллӣ мебошанд. Зеро баробари фаро расидани фасли баҳор ва идҳои баҳорӣ занони ин минтақа барои сайёҳон бештар хӯрокҳои миллӣ омода ва ҳунари худро муаррифӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар дохили маҷмаа меҳмонхонаи 5-ошёнаи «Чилдухтарон» бо шароити муосири хизматрасонӣ бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули 100 нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхонаи нав, ки дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шаклҳои мухталиф бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст.

Бояд таъкид намуд, ки мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихӣ ва деҳоти дурдасти мамлакат, ки дар гузашта чандон шароити мусоид надоштанд, бо таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории шахсони ватандӯст ободу зебо мегарданд ва дар он инфрасохтори зарурӣ барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта мешавад.

Тавре ба мушоҳида мерасад, давоми се соли охир теъдоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки ба тамошои мавзеи ниҳоят зебои сайёҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон — Чилдухтарон меоянд, меафзояд. Агар як сабаби ин афзоиш мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» бошад, сабаби дигари он ифтитоҳи роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг» аст, ки моҳи сентябри соли 2020 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 4, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд