Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Барномаи шарикии кишварӣ барои Тоҷикистонро қабул намуд

Июнь 3, 2026 08:28

ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн аъзои Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Барномаи шарикии кишварӣ (Country Partnership Framework) барои Тоҷикистонро барои солҳои 2026-2032 қабул намуд.

Барномаи шарикии кишварӣ (CPF) барои Тоҷикистон стратегияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ҷиҳати дастгирии гузариш ба самти рушди устувор ва тобовар, ки ба рушди бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад, муқаррар менамояд.

Санади мазкур бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ҳамоҳанг буда, ба беҳтарсозии дастрасӣ ба ҷойҳои корӣ, хизматрасониҳо ва имкониятҳои иқтисодӣ равона шудааст.

Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо ин санад дастгирии равонашударо дар самтҳои калидӣ, аз ҷумла тавсеаи дастрасӣ ба неруи барқи тоза, таҳкими сармояи инсонӣ, рушди сармоягузории бахши хусусӣ ва баланд бардоштани сатҳи тобоварӣ  ба таъсирҳои иқлимӣ ва беруна фаро мегирад.

Дар маҷмуъ, Барномаи шарикии кишварӣ ба баланд бардоштани тобоварии иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст.

Тибқи иттилои Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Пайрав Амирзода, аъзои Шурои Бонки ҷаҳонӣ қабули санади мазкурро барои кишвари мо муҳим ва саривақтӣ дониста, онро дар ҳамкории Тоҷикистон бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар давраи солҳои 2026-2032 ҳамҷун санади стратегӣ таъкид карданд.

Санади мазкур бо назардошти амалӣ гаштани ислоҳоти соҳавӣ, метавонад дар ин давра то 1,8 миллиард доллари ИМА маблағгузории имтиёзнок ва сармояи хусусиро барои Тоҷикистон ҷалб намояд.

Июнь 3, 2026 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад