Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ марҳилаи дуюми маблағгузории грантии НБО «Роғун»-ро тасдиқ намуд

Июнь 30, 2026 21:37

ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ имрӯз қарори навбатиро оид ба ҷудо намудани марҳилаи дуюми маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба маблағи 300 миллион доллари амрикоӣ дар шакли грант тасдиқ намуд.

Тавре Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Пайрав Амирзода хабар дод, ҷониби Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста ва талошҳои созанда дар пешбурди яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои стратегии мамлакат ва минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар меҳвари сиёсати рушди дарозмуддати Тоҷикистон қарор дошта, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими суботи молиявӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамзамон татбиқи он ба такмили идоракунӣ дар бахши энергетика, таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ ва ҷалби шарикони рушд дар доираи барномаи марҳилавии сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ низоми энергетикии мамлакат ба таври куллӣ беҳтар гардида, норасоии мавсимии неруи барқ аз байн хоҳад рафт ва эътимоднокии таъминоти барқ афзоиш меёбад. Ҳамчунин лоиҳа дар таҳкими устувории Тоҷикистон ба таъсири тағйирёбии иқлим нақши муҳим хоҳад гузошт.

Иброз гардид, ки татбиқи лоиҳа барои рушди саноат, баланд бардоштани ҳосилнокии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот ва таъсиси даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ дар давраи сохтмон ва баъд аз он заминаи мусоид фароҳам меорад. Манфиатҳои дарозмуддати он бахшҳои истеҳсолот, кишоварзӣ ва хизматрасониҳои рақамиро низ фаро хоҳад гирифт.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва амнияти энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аҳамияти стратегӣ дошта, содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшаванда ба рушди бозори минтақавии неруи барқ ва коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои сӯзишвории истихроҷшаванда мусоидат хоҳад кард.

Гуфта шуд, ки марҳилаи нави маблағгузорӣ ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чаҳорчӯбаи ҳамкории кишварӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ пурра мутобиқ буда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории самаранок ва татбиқи муваффақонаи лоиҳаи «Роғун» иброз намуданд.

 

 

Июнь 30, 2026 21:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст