Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод

Июнь 1, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бисёре аз кӯдакон вақти худро бо смартфонҳо мегузаронанд. Инро метавон ва бояд барои омӯзиш ва ба даст овардани донишҳои нав истифода бурд. Дар 25-умин солгарди таъсиси худ МегаФон Тоҷикистон васеъ намудани имкониятҳоро барои муштариён идома дода, ба рушди насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар бораи баъзе аз хизматрасониҳои муфид барои омӯзиш дар шакли қулай ва ҷолиб, рушди қобилияти кӯдакон маълумот медиҳем.

«TINY MINIES»: омодагӣ ба мактаб тавассути бозӣ

Ин платформаи омӯзишӣ бо забонӣ англисӣ мебошад, ки барои ташаккули малакаҳои асосии барои дохилшавӣ ба мактаб мусоидат менамояд. Кӯдак дар шакли бозӣ нутқро инкишоф медиҳад, захираи луғавиро васеъ менамояд, асосҳои математикаро аз худ карда, хотира ва диққатро тамрин медиҳад. Дар дохили он супоришҳои интерактивӣ, китобҳо ва ҳикояҳо, машқҳо барои тақвияти тамаркуз ва дарки оромонаи маълумот мавҷуданд. Волидайн метавонанд инкишофу пешрафти кӯдакро пайгирӣ намуда, тавсияҳои таълимӣ гиранд.

Арзиш чӣ қадар аст: 1,50 сомонӣ дар як шабонарӯз ё 50 дирам барои 8 соат ҳангоми маблағи кам дар тавозун.

Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: бо ёрии дархости *2345# ё тавассути замимаи «МегаФон Life».

 «Mega Kids»: контенти бехатар ва муфид

Портали кӯдакона бо филмҳои тасвирӣ, афсонаҳо, бозиҳо, китобҳо ва мусиқӣ мебошад. Контент бо назардошти синну сол интихоб шудааст, аз ин рӯ кӯдак дар муҳити бехатари рақамӣ қарор дорад. Хизматрасонӣ на танҳо фароғат мебахшад, балки омили рушду инкишоф низ мебошад: афсонаҳо тасаввуротро, бозиҳо – мантиқро, китобҳо бошанд – майлу рағбатро ба хониш ташаккул медиҳанд. Трафики интернет аз бастаи асосӣ ҳангоми истифодаи портали кӯдакона сарф карда намешавад.

Арзиш чӣ қадар аст: 99 дирам барои 24 соат.

Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: тавассути дархости *2526# ё сомонаи megakids.tj

«Mega Games»: бозиҳо бо манфиат барои рушду инкишоф

Портал бо бозиҳои маъруфи мобилие мебошад, ки ба таври онлайн ва барои боргирӣ дастрасанд. Волидайн метавонанд аз феҳристи бузург вариантҳои мувофиқро барои кӯдак аз рӯи синну сол интихоб намоянд. Бисёре аз бозиҳо барои рушди мантиқ, диққат, эътино ва тафаккури стратегӣ нигаронида шудаанд: кӯдак на танҳо бозӣ мекунад, балки зеҳнро тамрин медиҳад.

Арзиш чӣ қадар аст: 1,19 сомонӣ дар як шабонарӯз.

Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: *1141#.

«Simpler»: забони англисӣ ҳар рӯз

Дарсҳои интерактивие, ки ба сатҳи кӯдак мутобиқ карда мешаванд. Хизматрасонӣ барои мунтазам аз худ кардани забон, гузаштан аз санҷишҳо ва мустаҳкамкунии донишҳо мусоидат менамояд. Ин усули қулай барои ҳар рӯз машғул шудан ба омӯзиши забон бидуни пардохти маблағи машғулиятҳо ва дарсҳои иловагӣ ба ҳисоб меравад.

Арзиш чӣ қадар аст: 2 сомонӣ дар як шабонарӯз.

Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: *864#.

«Train Brain»: тамрини майна тавассути бозӣ

Бозиҳои инкишофдиҳанда барои хотира, диққат ва тафаккур мебошанд. Система супоришҳоро ба таври инфиродӣ интихоб менамояд, шакли бозӣ бошад раванди омӯзишро осону шавқовар мегардонад.

Арзиш чӣ қадар аст: 99 дирам дар як шабонарӯз.

Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: *861#.

«Дарсҳои забони русӣ»: омӯзиш ҳар рӯз

Хизматрасонӣ тавассути СМС барои мунтазам омӯхтани забон кумак мерасонад: калимаҳои нав, тарҷумаҳо ва супоришҳо ҳар рӯз ворид мегарданд. Сатҳи душворӣ ба корбар мутобиқ карда мешавад. Ин усули содаву дастрас барои мунтазам омӯхтани забон бидуни хароҷоти иловагӣ аст.

Арзиш чӣ қадар аст: 2 рӯзи аввал ройгон буда, сипас 75 дирамро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад.

Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст: *6300#.

Маълумоти бештарро дар бораи хизматрасониҳо дар сомонаи content.megafon.tj пайдо кардан мумкин аст.

 АКС: Ширкати  «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 1, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад