СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид
ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан дар чор моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 558 миллион сомонӣ баробар гардида, шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар шаҳр бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сими стандарт» густариш меёбад. Дар доираи лоиҳа хатҳои нави истеҳсолӣ ба роҳ монда шуда, номгӯи маҳсулоти корхона афзоиш меёбанд.
Дар ин коргоҳ истеҳсоли навъҳои гуногуни симҳои сохтмонӣ, мехҳои гуногунандоза, симҳои печон ва дигар маҳсулоти зарурии соҳа ба роҳ монда мешавад. Барои ин дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона то як тонна маҳсулоти тайёр дар як шабонарӯз ба нақша гирифта шуда, баъди ба истифода додан то 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Сохтмони ин иншоот дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошта, тибқи нақша соли 2026 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ҳамзамон дар деҳаи Ругунди Ҷамоати деҳоти Сабристон ба бунёди корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди қуму шағал санги асос гузошта шуд.
Тибқи лоиҳа, дар масоҳати як гектар корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд мегардад. Дар он ҷо истеҳсоли лавозимоти гуногун барои техникаҳои сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни мех ва дигар маҳсулоти зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамаи маҳсулоти истеҳсолшаванда ивазкунандаи воридот буда, барои таъмини бозори дохилӣ равона мегардад.
Дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуда, корҳои васлу насб идома доранд. Марҳилаи аввали корхона то охири соли 2026 мавриди истифода қарор дода мешавад. Бо оғози фаъолияти он то 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ба масъулин ва сохтмончиён барои истифодаи масолеҳи хушсифати ватанӣ, риояи меъёрҳои соҳавӣ ва таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дода шуд. Бо гузоштани нома ба наслҳои оянда ба бунёди корхонаи нав расман оғоз бахшида шуд.
Дар корхонаҳои саноатии шаҳр имрӯзҳо маҳсулоти нассоҷӣ, мебел, сӯзандору, равғани растанӣ, моеи зарфшӯйӣ, масолеҳи сохтмонӣ, обҳои ташнашикан, пойафзол, бозичаҳои бачагона, маҳсулоти нонӣ, халта ва риштаҳои полиэтиленӣ, маҳсулоти чопӣ, маҳсулоти пластмассӣ, қуттиҳои оҳанин, моеи хунуккунанда, либосҳои мактабӣ ва дигар намудҳои маҳсулот истеҳсол мешаванд.
Таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави саноатӣ дар шаҳр бозгӯи он аст, ки дар амалисозии сиёсати саноатикунонии босуръати мамлакат нақши назаррас дошта, дар роҳи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Тибқи иттилои манбаъ, таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва фароҳам овардани имтиёзҳои давлатӣ барои соҳибкорон дар солҳои охир ба омили муҳими рушди саноат ва таъсиси корхонаҳои нав табдил ёфтааст. Дар шаҳр бунёду густариши иқтидорҳои истеҳсолӣ вусъати бештар пайдо намуда, барои афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароит фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






