Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид

Июнь 3, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи XXXIV Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Шурои иттилоотии ИДМ), ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии Иттиҳод расман ба фаъолият оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои Иттиҳод ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Зимни муаррифии сомона таъкид гардид, ки он ба таҳкими ҳамкории иттилоотӣ байни кишварҳои Иттиҳод, густариши мубодилаи хабарҳо ва баланд бардоштани дастрасии хонанадагон ба иттилооти расмӣ мусоидат менамояд.

«Дар сомонаи навшуда маводи хабарии агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойгир карда шуда, онҳо муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои Иттиҳод, инчунин ҳамкории онҳоро дар соҳаҳои гуногун инъикос менамоянд», — тазаккур дода шуд аз ҷониби масъулин.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар сомона ба дастовардҳои кишварҳои Иттиҳод дар бахшҳои иқтисод, илм, фарҳанг ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, имкониятҳои сайёҳии давлатҳои аъзо низ ба таври фарогир муаррифӣ мешаванд.

Иброз гардид, ки фаъолияти сомонаи нав барои рушди ҳамкории касбӣ байни агентиҳои иттилоотӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими фазои ягонаи иттилоотӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Июнь 3, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад