Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтенгии «S&P Global Ratings» баррасӣ шуд

Июнь 24, 2026 14:23

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ таъмин шуда истодааст. Ин нуктаро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар мулоқот бо ҳайати таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии «S&P Global Ratings» Роман Рибалкин ва Максим Рибников дар шаҳри Душанбе баён намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, суботи молиявӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум дар ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамкории судманду дарозмуддат бо Агентии байналмилалии рейтингии «S&P Global Ratings» изҳори қаноатмандӣ намуда, ба таҳлилгарони он оид ба вазъи низоми бонкии мамлакат, сиёсати пулӣ, нигоҳдории сатҳи таваррум, нишондиҳандаҳои низом ва имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори ҷумҳурӣ тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро идома медиҳад.

Инчунин таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои мамлакат бо Агентии байналмилалии рейтингии «S&P Global Ratings» ҳамасола бо мақсади баҳогузорӣ ва интишори рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 24, 2026 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд