ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Шумораи гармхонаҳои доимамалкунандаи Тоҷикистон 1028 ададро ташкил медиҳад

Июнь 2, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст, ки замини онҳо 193,7 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 193,7 гектар дар майдони 174,6 гектар сабзавот, аз ҷумла дар 78,2 гектар помидор, 41 гектар бодиринг ва дар масоҳати 54,3 гектар дигар сабзаҷот парвариш карда шудааст.

То 30 май аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 3027,6 тонна сабзавот, аз ҷумла помидор 1192 тонна, бодиринг 699,8 тонна ва дигар сабзавот 1135,8 тонна истеҳсол шудааст.

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба рӯёндани сабзавоти тару тоза ва сабзаҷот дар гармхонаҳо меафзояд. Фаъолияти босамари гармхонаҳост, ки дар рӯзҳои зимистон бозори истеъмолӣ аз ҷониби кишоварзони мамлакат бо сабзавоти тару тоза таъмин карда мешавад.

Ҳукумати мамлакат аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин масъаларо ба инобат гирифта, ҷиҳати васеъ намудани майдони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути гармхонаҳо чораҳои муассир меандешад.

Дар ҷумҳурӣ гармхонаҳои мавсимӣ низ фаъолият менамоянд. Тибқи иттилои масъулин, то 30 майи соли равон дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 4017 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 2, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст