Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Минск зимни ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда»-ро, ки 25 июни соли 2026 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, муаррифӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, Бахтовар Сафарзода аҳаммияти таърихии қабули қатъномаро таъкид намуда, аз ҷонибдории васеи байналмилалии он ёдовар шуд.
Ҳамзамон, ба давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастгирии ин ташаббус ва ҳаммуаллифӣ дар таҳияи қатънома сипоси самимӣ изҳор гардида, таъкид карда шуд, ки чунин пуштибонӣ бозгӯи садоқати муштараки кишварҳои Иттиҳод ба арзишҳои сулҳ, ҳамҷавории нек, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории бисёрҷониба мебошад.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи хос ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар соли 2027 дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои шарик, ки оғози расмии татбиқи амалии «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда»-ро ифода хоҳад кард, ҷалб гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус










Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид






