Татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар Боку баррасӣ гардид

Июнь 17, 2026 09:22

ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар доираи  Ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд вохӯрии якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба татбиқи пурсамари лоиҳаҳои амалкунандаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёту энергетика, инчунин истифодаи имкониятҳо дар маблағгузории лоиҳаҳои асосноккунии техникию иқтисодӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.

Инчунин Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Юсуф Маҷидӣ бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии Институти Бонки исломии рушд доктор Самӣ Иброҳим Ал-Сувайлем вохӯрӣ намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои гузариш ба марҳилаи нави шарикии стратегӣ, яъне тақвияти маблағгузории лоиҳаҳо тавассути кумаки илмию техникӣ ва рушди сармояи инсонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳияи «харитаи роҳ»-и амалӣ ва оғози лоиҳаҳои мушаххаси кумаки техникӣ дар фурсати наздик тасдиқ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 17, 2026 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд