ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таътили тобистона барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро расид. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ барои қабули кӯдакону наврасон 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ омода мебошанд. Аз ҷумла, 10 истироҳатгоҳи вилояти Суғд, 7 истироҳатгоҳи гирду атрофи шаҳри Душанбе, 5 истироҳатгоҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 2 истироҳатгоҳ дар вилояти Хатлон барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли равон бар асари боришоти пай дар пайи моҳи май сари вақт омода намудани истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, ки муҳлати он то 1 июн муқаррар шуда буд, ғайриимкон гардид. Тибқи супориши иловагӣ, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ба муҳлати І0 июн бояд пурра барои қабули кӯдакону наврасон омода карда шаванд.
Ҳоло корҳои сохтмон ва таъмир дар истироҳатгоҳҳо дар умум ба итмом расида, истироҳатгоҳҳои «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода, «Чангоб»-и шаҳри Ҳисор, «Меҳнат»-и дараи Ромит, «Обшорон» ва «Насими кӯҳсор»-и ноҳияи Варзоб барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд. Инчунин истироҳатгоҳҳои «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Варзоб ва «Кайҳон»-и дараи Ромит низ ҳафтаи оянда омода карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими тобистони соли 2025 дар маҷмуъ аз 2 то 6 басти истироҳат дар 25 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ (2 адад дар вилояти Хатлон, 5 адад дар ВМКБ, 7 адад дар ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе, 11 адад дар вилояти Суғд) ташкил карда шуда, бо истифода аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 9265 нафар кӯдакону наврасон тавассути Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба чорабиниҳои солимгардонӣ фаро гирифта шуданд.
Бояд иброз намуд, ки яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти таътили тобистона — ин истироҳатгоҳҳои таълимӣ ва фароғатӣ мебошанд. Ин истироҳатгоҳҳо, ки дар муҳити табиии сабзу хуррам ва дур аз шаҳрҳо ҷойгир шудаанд, на танҳо фазои орому осуда барои истироҳат, балки шароити мусоид барои машғулияти таълимӣ ва варзишӣ низ фароҳам меоранд. Хонандагон дар ин ҷо метавонанд ба бозиҳои варзишӣ машғул шаванд, дар маҳфилҳои эҷодӣ иштирок кунанд ва саёҳатҳои омӯзиширо таҷриба намоянд.
Муассисаҳои таълимии назди мактабҳо низ дар давраи тобистон ҳамчун истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ фаъолият мебаранд. Дар ин ҷойҳо хонандагон пас аз машғулияти таълимӣ ба бозиҳо, расмкашӣ, ҳунарҳои дастӣ ва даврҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Инчунин дар назди баъзе мактабҳо «Гӯшаҳои эҷодӣ» ташкил карда мешаванд, ки хонандагон метавонанд дар он ҷо истеъдоди худро нишон диҳанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд






