Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то апрели соли равон ба Тоҷикистон 439,4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 70,7 ҳазор нафар ё 19,2 зиёд мебошад. Аз шумораи умуми шаҳрвандони хориҷӣ 371,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ) ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридшуда аз Русия 104,7 ҳазор нафар, Узбекистон 247,1 ё 56,2 фоиз, Қирғизистон 40 ҳазор нафар, Қазоқистон 10,7 ҳазор нафар ва Туркманистон 1,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, дар соли 2025 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки бо назардошти тамоми намудҳои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 2 миллиону 104,7 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз ин шумора, 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ба ҷумҳурӣ омадааст. Аз ин теъдод, 1 миллиону 634,5 ҳазор нафар ба давлатҳои Итиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 149,9 ҳазор нафар ба давлатҳои хориҷи дур рост меоянд. Бештари сайёҳон шаҳрвандони Узбекистон, Русия, Қазоқистон ва Чин мебошанд.
Ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД кишвар тақрибан 5 дарсадро ташкил медиҳад ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон барои афзудани теъдоди сайёҳон ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 367 субъекти хидматрасонии сайёҳӣ фаъолият намудааст, ки нисбат ба соли 2024 20-то зиёд мебошад.
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амал мекунад, ки ба афзоиши шумораи сайёҳон ва рушди соҳа мусоидат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






