Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо Чин ҳамкориро дар соҳаи обуҳавошиносӣ тавсеа медиҳад. Дар иртибот ба ин, намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин раванд мулоқоти директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода бо муовини директори Хадамоти обуҳавошиносии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Юнган баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани платформаи огоҳии бармаҳал оид ба намудҳои гуногуни зуҳуроти хатарноки табиӣ «MAZU»*, бо таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои пешгӯии зуҳуроти хокбориш (чангу ғубор), имкониятҳои ҳамкорӣ барои ҷорӣ намудан ва истифодаи ин низом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди ташаббусҳои муштарак ва дурнамои ҳамкории минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар самти мониторинг ва пешгӯии зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ — обхезиҳо, селҳо, технологияҳои пешгӯии шароити номусоиди обуҳавошиносӣ-хокбориш, боришоти шиддатнок: борону барф, шамолҳои шиддатнок, хизматрасониҳои фаврии обуҳавошиносӣ ва истифодаи моделҳои пешгӯии рақамӣ таъкид намуданд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
MAZU: Платформаи пешрафтаи муттаҳидшудаи огоҳкунии барвақти Чин барои офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим мебошад, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ сохта шудааст.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






