Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд

Июнь 4, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Чин ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд. Дар ин замина дар доираи таҳкими ҳамкории молиявию бонкӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории байнибонкӣ, густариши муносибатҳои муросилотӣ, дастгирии сармоягузорӣ, маблағгузории тиҷорат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар бахши бонкӣ, тақвияти идоракунии хавфҳо ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди инфрасохтори молиявӣ баррасӣ гардиданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз саҳми Бонки кишоварзии Чин дар рушди муносибатҳои молиявии ду ҷумҳурӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими стратегӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявӣ пайваста тавсеа меёбанд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки ҳамкории бонкҳои Чин ва ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон солҳои зиёд идома дошта, барои рушди савдо ва сармоягузории байни ду мамлакат заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар робита гуфта шуд, ки ифтитоҳи филиалҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистон метавонад ҳамкории дуҷонибаро боз ҳам тавсеа бахшад.

Инчунин раиси Бонк миллии Тоҷикистон ҳайати Бонки кишоварзии Чинро бо вазъи макроиқтисодӣ ва бахши молиявии ҷумҳурӣ шинос намуд.

Изҳор гардид, ки Тоҷикистон суръати баланди рушди иқтисодӣ ва сатҳи муътадили таваррум нигоҳ дошта шуда, низоми бонкӣ устувории худро тақвият медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки ислоҳоти роҳандозишуда дар бахши молиявӣ ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, афзоиши ҳаҷми пасандозҳо, густариши қарздиҳӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва таҳкими устувории молиявии низоми бонкӣ мусоидат кардааст.

Раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу дар навбати худ ба дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омодагиашро барои густариши ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешрафтаи бонкдорӣ, рушди иқтисоди сабз, рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, таҳкими низоми киберамният, такмили механизмҳои комплайенс ва афзудани иқтидори касбии мутахассисон, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар бахши молиявӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии ду давлат иброз дошт.

Дар анҷом ҷонибҳо бори дигар густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва аҳамияти таҳкими робитаҳои байнибонкӣ, бахусус истифодаи имкониятҳои навро барои рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистону Чин таъкид карданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 4, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд