«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд

Июнь 1, 2026 10:36

ДУШАНБЕ, 01.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи Ситоди вилоятии «Тобистон-2026» оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли равон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар ҷаласа аъзои ситод, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони масъули Раёсати маориф, раисони кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф ва раисони кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, инчунин намояндагони Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати Хадамоти оташнишонии вилоят иштирок доштанд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 27 апрели соли 2026 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026», инчунин рафти омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи ситод аз норасогиҳои мавҷуда ёдовар шуда, масъулини соҳа барои саривақт бартараф намудани камбудиҳо ва дар сатҳи зарурӣ омодаву баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони вилоят дар соли 2026 таъкид шуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026» аз 26 феврали соли 2026 масъулин бояд то 1 июни соли равон оид ба корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ ба анҷом расонида, аз омодагии онҳо барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Федератсияи иттифоҳҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муваззаф гардидааст, маблағҳоеро, ки аз буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷудо карда мешаванд, ҷиҳати харидории роҳхатҳо барои кӯдакону наврасон, аз ҷумла ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат, кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, кӯдаконе, ки дар мактаб-интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳти таъминоти давлат қарор доранд ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои дигар имкони молиявии харидории роҳхатҳоро надоранд, истифода намоянд.

«Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро таъмин намуда, барои самаранок гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъминоти истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ чораҷӯӣ намоянд», — омадааст дар қарор.

Ҳамчунин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикист супориш дода шудааст, ки ҷиҳати таъмин намудани истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ бо мутахассисони зарурии тиббӣ ва назорати ҳолати санитарию беҳдоштии истироҳатгоҳҳо тадбир андешад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 1, 2026 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд