ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло

Июнь 28, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми дигари оламро намедонам, аммо мо тоҷикон ва порсигӯёни дунё бояд вожаи «ваҳдат»-ро бо коми шуста ба забон орем, бо ҳарфҳои заррин дар саҳафоти диламон бинависем ва дар варақи пешониямон абадан ҳаккокӣ кунем. Зеро имрӯз миллати мо, ҳастии мо беш аз ҳар вақт ниёз ба ваҳдату ягонагиву якпорчагӣ дорад.

Дар ҷумҳурии мо овардани таъбири «Ваҳдати миллӣ» дар радифи «Эҳёи Тоҷикистон» аз ҷониби Пешвои миллатамон беҳадаф ва беасос набуд. Танҳо бо неруи Ваҳдати миллӣ мо метавонем ба эҳёи дубораи сарзамини таърихии соҳибтамаддунамон бирасем. Бунёди идораи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар оғози бунёди Истиқлоли давлатӣ бунёди нардбони қавии худшиносии миллӣ ба сӯи қуллаҳои баланди Истиқлоли давлатии ҷумҳуриамон буд, ки мо ҳосили ин сиёсти дурбинонаву хирадмандонаро имрӯз мебинем. Аммо «ваҳдат» гуфтан ҳанӯз кам аст. Ваҳдатро аввалан бояд ба даст овард, сипас бояд онро ҳифз кард, бунёдашро дар бунёди худ чунон қавӣ бояд сохт, ки лотасхир бимонад. Зеро имрӯз ҳастию нестии мо вобаста ба ҳастию нестии Ваҳдати миллист. Ваҳдати миллӣ ва ягонагии дастҷаъмонаи халқамон – ин аст кафолати пирӯзии Истиқлоли давлатӣ ва халқи некбину хайрхоҳу хушзамири тоҷик!

Мо ба пирӯзии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон азизамон итминони комил дорем, зеро ин ваҳдату ягонагӣ, ки дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ моро ба дастовардҳои беназир шарафёб кард, такя ба маънавиёти бузурги гузаштагони фозили мо, абармардони майдони фазлу ҳунар ва илму дониш дорад, на майдони ҷангу ҷидолу душманӣ!

Чуноне ки ҳаким Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и безаволи худ сурудааст мо миллати хирад ҳастем ва Ватане дорем бо халқи нексиришт, замини биҳиштӣ ва маънавиёти бузургу оламшумул, ки аз имтиҳонҳои таърих гузаштаву лотасхиру пирӯз мондааст.

Имрӯз Ватани соҳибистиқлоли мо бо сиёсати хайрхоҳонаву инсондӯстонае, ки таҳти сарварии Пешвои ватандӯсту инсонпарвари худ пеш мебарад, ба як Кохи бузурги сулҳу дӯстӣ, ба як Қасри шуҷоату бовар дар арсаи байналмилалӣ шабоҳат дорад ва ин ҳама муҳаббату самимияте, ки мардуми дунё ба халқи мо, ба маросимҳои волои мо доранд, гувоҳи пирӯзии сиёсати ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ва Пешвои хирадманди он мебошад.

Ва ин шеър зери унвони «Кохи бовар» ба муборакбодии Рӯзи Ваҳдати миллӣ тақдими азизон бод!

Кохи бовар

Аз баландои муҳаббат,
аз фарози поки имон,
Аз сафои сабзаву гулҳо,
ба лаҳни обшорон
Мефиристонам саломамро
Бар Шимолу бар Ҷанубу Ғарбу Шарқ,
Бо навиди раъди озодӣ,
Бо паёми рӯшании барқ!

Аз ҳамин марзи саодат,
Аз назаргоҳи нахустини Худо,
Аз баландое, ки дар он
Монда Симурғи муқаддас ошён,
Аз диёри ору марзи Ориён,
Аз замини покбуми Тоҷикистон
Мефиристонам саломамро.

Ассалом, эй даҳр, эй дунё!
Ин саломи ман ба таърих аст,
бар имрӯзу бар фардост!

Аз Бадахшон, аз сари Боми ҷаҳон
Чун тулӯъи меҳр
Мебарояд ин саломи ман мунаввар карда оламро,
Пора карда пардаи абру ситамро.

Оре, аз ин лонаи Шамси мунаввар,
Он ҳумои табъи Зардушти кабир
Болафшон дар ҳавои одамият,
Нурафшон аз замир
Бар ҷаҳон пайғоми ишқ овардааст.

Ин паёми Зардуҳиштӣ,
Ин саломи некроён
Рӯйи оламро мунаввар сохт,
Дар сиришти адл, бунёди накӯӣ
Қасри бовар сохт.

Бо забоне, ки каломашро навиди Ҳақ навишт,
Бо забоне, ки муҳаббатро ба полези сиришти мо сиришт.

Ин саломе, ки бигирад пеши роҳи тирро,
Пеши роҳи найзаву шамшерро.

Ман ҷаҳонро оқибат хоҳам гирифт
Бо ҳамин эъҷоз, эъҷози саломе,
Бо муҳаббат, бо адолат, бо паёме!

Ин саломи ман
Дар фурӯғи оташи тобони ишқ
Кинаву рашку хусуматро бихоҳад кушт,
Халқи оламро ба ҳам орад ба як арғушт,
Оламиёнро кунад ҳамбахту ҳамоғӯш.

Ин саломи ман
Мурғаконро аз қафасҳо мекунад озод,
Мебарад аз дил ба дил осоишу иршод.

Эй Худо, эй халқ, медонед!?
Худ наҷоти одамин дар ин калом аст!
Он чи моро мекунад хушбахт бо ҳам
Як салом аст!

Ассалом, эй даҳр, эй дунё!
Ассалом, эй тифл, эй фардо!

Ҳар ки гирад ин саломамро ба дил, рӯшан шавад,
Ҳар ки корад ин саломамро ба лаб гулшан шавад,
Ин салом эъҷози ҳастии шумост!

Як насаб хоҳам барои ҷумла инсони замин,
Як насаб подор то монад дилу ҷони замин,
Як насаб чун рамзи имони замин,
То навишта бошад андар ҳуҷҷати буду набудаш,
Ҳуҷҷати асли вуҷудаш:
Ассалому воалайк!
Ассалому воалайк!

То ки ин ҳуҷҷат
Аз ҳама марзаш бубахшояд иҷозат бар вуруд,
Аз ҳама марзаш тавонад бигзаронад
Одамонро чун кабӯтар, чун наво, мисли суруд…

Чун ягона ҳуҷҷати аҳли башар
Ҳуҷҷати ваҳдат, саодат, некбахтӣ ин калом аст,
Ассалом аст!

Бо саломи ман ҷаҳон зебост,
Зиндагӣ ширину пурмаъност,
Ҳар саломам мебарад аз меҳр пайк.
Ассалому ассалому ассалом!
Воалайку воалайку воалайк!

Миллати моро дар ин даҳри фиребо
Ҷуз адолат, ҷуз накӯӣ, ҷуз муҳаббат
Ҳеҷ довар нест!
Давлати мо — ишқ, зебоӣ, накӯӣ, нусрати илму адаб,
Ҳеҷ гоҳе симу зар нест!

Ваҳдати мо кохи пирӯзии мост!
Кохи пирӯзии мо ҷуз Қасри бовар нест.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 28, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад