Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нахустин вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назар муаррифӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ Умед Бобозода ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва байналмилалӣ суҳбат намуда, оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон маълумот дод .
Чорабинӣ барои таҳкими робитаҳои байни ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Инчунин дар ҳамин рӯз вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия Яна Лантратова баргузор шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дурнамои рушди ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин ҳайатҳои иштирокчии вохӯрӣ аз ҷониби Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Марлен Маматалиев ба ҳузур пазируфта шуданд.
Дар ин мулоқот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода низ иштирок намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории минтақавӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва нақши ниҳодҳои миллӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






