Вазорати нақлиёт Маркази байналмилалии тамосро бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар шакли озмоишӣ фаъол намуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030), «Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Маркази байналмилалии тамосро бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар шакли озмоишӣ ба роҳ монд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, таъсиси Маркази тамос бо рақами кӯтоҳшудаи 8808 раванди гирифтани рухсатномаҳо, роҳхатҳо, борхатҳо ва дархостҳо барои воситаи нақлиётро ҷиҳати интиқоли бор навсозӣ мекунад.
Барои дастгирии истифодабарандагони низомҳои нақлиётӣ дар шабакаи иҷтимоии Телеграм чат бо номи «Маркази дастгирии иттилоотии истифодабарандагони низомҳои нақлиётӣ» ва бот (ихтисор аз «робот») бо номи «MintransBot» ба роҳ монда шудааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






