1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд

Июль 1, 2026 09:58

ДУШАНБЕ, 01.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 июл ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муқаррар гардидааст. Дар ин робита АМИТ «Ховар» оид ба рушди ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот пешниҳод менамояд.

Тавре директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд.

«Бо мақсади рушди соҳа ва беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ба нафақагирон дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ва 30 соли таъсиси фонди нафақа зиёда аз 20 бинои нав дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шудааст»,-илова намуд директори Агентӣ.

Номбурда афзуд, ки «дар Агентӣ вобаста ба раванди тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби шарикони рушд барои омӯзиши таҷрибаи давлатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. 30 корманди Агентӣ дар давоми соли 2025 берун аз кишвар ба сафарҳои хориҷӣ фиристода шуда, дар барномаҳои омӯзишӣ иштирок намуданд».

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки раванди рақамикунонӣ ва хидматрасонӣ ба нафақагирон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Агентӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд гардидани сифати зиндагии нафақагирон, шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат менамояд. Дар робита ба ин, тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

«Таҳия ва амалӣ намудани барномаи «Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон» аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ пурра таъмин гардида, шуруъ аз моҳи августи соли 2025 пардохти нафақа маротибаи аввал дар ҷумҳурӣ ба таври муттамарказ ба воситаи ин барнома ба роҳ монда шуд. Дар доираи барномаи мазкур, мушкилоте, ки солҳои зиёд дар самти талабот ва пардохти нафақа мавҷуд буданд, бартараф гардиданд», — гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор истифодаи барномаи «Пули ҳушманд» ҷиҳати сари вақт муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳо ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади хидматрасонии босифат дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва қабули дархосту шикоятҳо дар Агентӣ Маркази тамос тавассути рақами кӯтоҳи 3900 мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон, низоми гардиши ҳуҷҷатгузории электронии байниидоравӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ пурра амалӣ гардидааст, ки иқдоми мазкур дар давоми соли равон дар сохторҳои Агентӣ ба роҳ монда мешавад.

— Бо дастгирии пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тариқи қабули қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои ҷуброни хароҷот барои хизматрасонӣ ва рақамикунонии раванди хизматрасонӣ ба нафақагирон», байни Агентӣ, КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ санадҳои зарурӣ ба имзо расонда шуданд, ки ба таъмини устувории фаъолияти низоми рақамии пардохти нафақа, бартараф намудани норасоии заминаи моддию техникӣ ва ҷалби барномасозон мусоидат мекунанд, — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Абдураҳмон Ҳалимзод таъкид намуд, ки дар доираи санадҳои мазкур, ба нафақагирон оид ба гузарондани амалиётҳои бонкӣ бо истифода аз кортҳои бонкии нафақавӣ барои ройгон истифода намудани зиёда аз 200 намуди хидматрасонӣ ба тариқи ғайринақдӣ шароит фароҳам оварда, имконияти интихоби дилхоҳ корт аз ҷониби нафақагирон, ҳамзамон, фаъол гардондани ҳамёни электрониро (электронный кошелёк) дар ин самт танзим менамояд.

АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2026 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид