13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Агентии назорати маводи нашъаовар нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ соати 08:00 баргузор мешавад.
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соати 10:00 баргузор мешавад.
Дар Агентии назорати давлатии энергетикӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» соати 10:00 гузаронида мешавад.
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии ҷамъиятҳои саҳомии «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» соати 15:00 дар ҶСК «Барқи Тоҷик» баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






