16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Июль 15, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ соати 09:00 баргузор мешаванд.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мешаванд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Июль 15, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад