17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Июль 16, 2026 15:07

ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 08:00 баргузор мегардад.

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ва дар Бонки «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 09:00 дар маҷлисгоҳи IT-PARK Dushanbe баргузор мешавад.

Дар Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Июль 16, 2026 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад