24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Июль 23, 2026 15:46

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи аграрӣ соати 09:00 доир мегардад.

Дар Донишгоҳи техникӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Июль 23, 2026 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш