25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад

Июль 25, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2026/АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ муқаррар гардидааст. Ҳамлу нақли 94,7 фоизи борҳо ва 97,5 фоизи мусофирон дар Тоҷикистон бо нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад.

Нақлиёти автомобилӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муассир дошта, яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофиаш кишвари кӯҳистонист ва роҳи баҳрӣ надорад, аз ин рӯ нақлиёти автомобилӣ дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ мебозад. Ин аст, ки тибқи иттилои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар шаш моҳи соли 2026 бо нақлиёти автомобилӣ 72,5 миллион тонна бор ва 538,4 миллион мусофир интиқол дода шудааст.

Ҳоло дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилии мамлакат қариб 3 ҳазор корхонаҳои шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ фаъолият доранд. Инҳо 2 ҳазору 579 субъекти хоҷагидории нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 235 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, 23 терминали боркашонӣ, 41 терминали мусофирбар, 2 ҳазору 215 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмир, 65 қароргоҳ, 241 хоҷагии роҳҳо, 71 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ ва 170 корхона ва муассисаҳои роҳдорӣ мебошанд.

Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ 920 хатсайри мусофирбари нақлиётӣ фаъолият доранд, ки аз он 187-тоаш шаҳрӣ, 541 ададаш наздишаҳрӣ, 159 адад байнишаҳрӣ ва 33 адад хатсайрҳои мусофирбари байналмилалӣ мебошанд.

Тибқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар ҷумҳурӣ 800 ҳазору 926 воситаи нақлиёт, аз ҷумла 763 ҳазору 663 воситаи нақлиёти автомобилӣ, 29 ҳазору 792 мотосикл, 6084 ядак, 1 ҳазору 423 нимядак, аз ҷумла боркаш – 66 ҳазору 667, мусофирбар – 16 ҳазору 700, сабукрав – 680 ҳазору 296 адад ба қайд гирифта шудаанд. Ин рақам нисбати соли 2025 99 ҳазору 731 адад ё 14,2 фоиз зиёд мебошад, ки аз он 67 ҳазору 230 воситаи нақлиёт ё тақрибан 8,8 фоизаш дар бахши иқтисодиёти мамлакат истифода мегардад. Ҳамзамон давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон чандин лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар самти бунёду таҷдид ва навсозии роҳҳои автомобилгарди кишвар татбиқ гардида, ҳазорҳо километр роҳу пулҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ бунёд шуданд, ки ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ яке аз воситаҳои асосии ҳамлу нақли бор ва мусофирон буда, ҳаёти ҷомеаро бе он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи нақлиёт дар даврони Истиқлоли давлатӣ хеле рушд ёфт. Дар айни замон тавассути Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи 1 миллиарду 193 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.

Мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётии ҷумҳурӣ дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ, бахусус нақлиёти автомобилӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ мебошад. Рушд намудани соҳаи нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ба пешрафти ҳама бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат намуда, таъсиси ҷойи нави кор ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд