250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд

Июль 4, 2026 15:30

ҲИСОР, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 250 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла ятимону маъюбони мактаб — интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвону Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор дар басти якуми истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб» — шаҳри Ҳисор ба истироҳат ҷалб гардиданд. Дар ин хусус директори мавсимии истироҳатгоҳи «Чангоб» Гулмаҳмад Назарзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи «Чангоб» дар як баст 12 рӯз истироҳат менамоянд. Барои ҳар нафари онҳо аз ҳисоби иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад. Онҳо бо чор вақт хӯроки гарм таъмин буда, пайваста зери назорати табибону омӯзгорон қарор доранд.

Барои кӯдакон тамоми имкониятҳо барои истироҳати хуш, рушди зеҳнӣ, омӯзиши малакаҳои нави ҳаётӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимӣ муҳайё гардидааст. Бехатарии онҳо ҳангоми варзиш, оббозӣ ва дигар машғулиятҳо пурра таъмин карда шуда, ҳамзамон истироҳатгоҳ таҳти назорати доимии кормандони Маркази назорати давлатию санитарӣ ва эпидемиологии шаҳри Ҳисор қарор дорад.

Тарбиятгирандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаҳзода Холиқова иброз дошт, ки мо ятимон ҳамеша аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдорем ва соли дуюм аст, ки ман дар ин мавзеи хушбоду ҳаво ба истироҳатгоҳ ҷалб мегардам.

«Барои ман ифтихор аст, ки давоми 12 рӯз бо духтарони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ истироҳат намуда, бо онҳо робитаи дӯстӣ пайдо мекунем. Бояд гуфт, ки роҳбарияти истироҳатгоҳ ва омӯзгорону табибон бо муомилаи хубу хизматрасонии беҳатарин мо ятимонро хурсанд мегардонанд», — афзуд ӯ.

Тавре масъулини истироҳатгоҳи «Чангоб» баён доштанд, имсол истироҳатгоҳ дар се баст фаъолият менамояд. Дар мавриди пайдо шудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби кӯдакон ба истироҳат, истироҳатгоҳ метавонад дар басти 4 ҳам фаъолият намояд.

Мурабияи истироҳатгоҳи «Чангоб» Нозанин Рустамзода гуфт, ки истироҳатгоҳи маърифатию фароғатии «Чангоб», ки дар деҳаи Чангоби Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор воқеъ аст, солҳои 60-уми замони Шуравӣ бунёд гардида, бо номи «Айболит» фаъолият мекард ва ҳазорон мактаббачаро ба истироҳат фаро мегирифт.

Айни замон истироҳатгоҳ бо бунгоҳи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои барҳаво таъмин мебошад. Дар ин макони фароғатӣ мураббияҳо аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ барои баланд бардоштани зеҳнияти ҷаҳонбинии кӯдакон фаъолияти пурсамар намуда, онҳоро ба ватандӯстию худшиносии миллӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 4, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид