35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ҲИСОР, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор бунёди 63 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 61 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳоло дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар иншооти баистифодадода 47 сокини ҷамоат бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод Сабоҳат Раҳимова ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “дар айни замон дар биноҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Лангар, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳаи Муъминобод ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №130-и деҳаи Аминиён корҳои сохтмонӣ идома дошта, ин биноҳо дар рӯзҳои ҷашни соҳибистиқлолӣ ба истифода дода мешаванд”.
Биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегарданд, ки ба ин восита мушкилоти норасоии ҷойи нишаст пурра бартараф мегардад.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ ҳамарӯза дар ҳашарҳои умумии ҷамоат иштирок намуда, дар мумфаршу бетонпӯш намудани роҳҳои байнидеҳавӣ саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






