35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода соҳибкор муассисаи томактабӣ бунёд менамояд

Июль 15, 2026 17:30

ТУРСУНЗОДА, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳое, ки аз сад хоҷагӣ зиёд зиндагӣ мекунанд, дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода барои 200 кӯдак кӯдакистони наву замонавӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини ин ҷамоати деҳот иттилоъ доданд.

Муассисаи томактабии хусусӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Азамат Боронов бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятгузаронӣ ва истироҳати тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Дар муассисаи навбунёди тоҳсилоти томактабӣ барои фароғату истироҳати хуши тарбиятгирандагон шароити арзанда фароҳам оварда мешавад.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ то имрӯз 58 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, ки 114,4 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар айни замон дар асоси нақшаи иловагӣ дар 8 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар ин ҷамоати деҳот бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №111-и деҳаи Нуристон барои 800 нафар дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи И. Сомонӣ барои 1448 нафар дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и деҳаи Ифтихор барои 800 нафар дар ду баст ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115-и деҳаи Нурафшон-1 барои 1200 нафар дар ду баст бунёду навсозӣ ва таъмири пурра гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Рӯзҳои наздик дар деҳаи Пайканди шаҳри Турсунзода низ аз ҳисоби соҳибкор Фирдавс Сафаров сохтмони муассисаи томактабӣ барои 150 кӯдак оғоз мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 15, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд