35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Лоиқ Шералӣ ва Рӯдакии шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.
Бунёди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва шустушӯи нақлиёт дар шафати шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ, дар канори деҳаи Навободи деҳоти Лоиқ Шералӣ идома дорад. Баъди ба истифода додан дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва шустушӯи нақлиёт 5 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Дар деҳаи Некноти шаҳр низ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ба номи Файзулло Ансорӣ сохта мешавад. Паймонкор-ширкати бинокории «Панҷакентсоз» уҳдадор шудааст, ки корҳоро вусъат дода, барои омода намудани саҳни муассиса ҳашар ташкил кунад.
Инчунин дар деҳаи Марғедари деҳоти Рӯдакӣ ороиши намои берунӣ ва дохилии бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ идома дорад. Дар ин бино сардхона, нуқтаҳои тиҷорат ва толори баргузории маъракаҳо ҷой гирифта, айни замон бо истифода аз усулҳои меъмории миллӣ ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ гаҷкорӣ карда мешаванд.
Дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва саҳми сокинон ба деҳаҳои Зери Ҳисор ва Кулолӣ хати оби нӯшокӣ кашида мешавад. Ин хати об аз деҳаи Мадовра ба масофаи ҳашт километр кашида шуда, беш аз 400 оилаи ду деҳаро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






