35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Дӯстӣ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ифтитоҳ гардид

Июль 23, 2026 10:46

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ « Ховар» /. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, иншооти варзишӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст. Барои сохтмони майдонча беш аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Майдони варзишӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонон, рушди варзиши оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд гардида, акнун сокинони маҳаллӣ, бахусус наврасону ҷавонон метавонанд дар шароити мувофиқ ба машғулияти варзишӣ машғул шаванд.

Бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ ва варзишӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Ифтитоҳи майдончаи нави футбол барои рушди соҳаи варзиш дар Ҷамоати деҳоти Нури Вахш заминаи мусоид фароҳам оварда, имконият муҳайё месозад, ки ҷавонону наврасон дар машғулияти варзишӣ ва мусобиқаҳои гуногун иштирок намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июль 23, 2026 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд