35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор бинои замонавии муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фархор бо ташаббус ва маблағгузории хатмкунандагон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №37 таъмиру навсозӣ гардид. Дар ин муассиса барои хонандагон бинои иловагии замонавӣ низ сохта, ба истифода дода мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, муассиса барои 592 хонанда пешбинӣ гардидааст. Синфхона аз ҷониби хатмкунандагони ин муассиса барои соли таҳсили 2026-2027 таъмир гардидааст. Ин иқдом намунаи ҳамкории муассири ҷомеа бо муассисаи таълимӣ барои беҳтар намудани шароити таҳсил мебошад.
Таъкид гардид, ки бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва зарурати фароҳам овардани шароити муосири таълим сохтмони бинои нави таълимӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсил аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, барои амалӣ гардидани чунин иқдом тамоми имконоти мавҷуда истифода мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






