35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор мумфаршкунии 12 километр роҳ оғоз гардид

Июль 19, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии сокинону соҳибкорони ватандӯсти деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Фархор мумфаршкунии 12 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Роҳ бо дастгирии сокинону соҳибкорони ватандӯсти деҳа  мумфарш гардида,  ба беҳтар шудани вазъи роҳ, таъмини ҳаракати бемамониати нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунад.

Ин ташаббуси сокинон дар самти ободонии маҳал намунаи ибрат буда, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар татбиқи чунин иқдом барои рушди инфрасохтор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти калон дорад.

Зимни иҷрои роҳсозӣ масъулин бояд ба сифати кор, риояи талаботи техникӣ ва истифодаи самараноки маблағҳо диққати ҷиддӣ диҳанд, то роҳи сохташаванда солҳои зиёд ба аҳолӣ хизмат расонад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июль 19, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид