35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мумфаршсозии роҳҳо оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Заркӯҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мумфаршсозии роҳҳои дохилии деҳа оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ин иқдоми муҳим бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми сокинони деҳа ва шахсони саховатпеша амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии он беҳтар намудани вазъи роҳҳои маҳаллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Роҳҳои дохилии деҳаи Қаҳрамон солҳои зиёд ба таъмиру навсозӣ ниёз доштанд. Бо оғози корҳои мумфаршсозӣ яке аз мушкилоти асосии сокинон, бахусус дар айёми барфу борон тадриҷан бартараф мегардад. Пас аз анҷоми корҳо рафтуомади сокинон, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таълимӣ, беморон, пиронсолон ва дигар шаҳрвандон тавассути ин роҳ осонтару бехатар хоҳад шуд.
Иброз гардид, ки чунин корҳои созандагӣ самараи сиёсати бунёдкоронаи давлат буда, барои рушди инфрасохтори деҳот ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад. Сокинони деҳа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти маҳалли зисташон саҳми арзанда мегузоранд.
Корҳои мумфаршсозӣ бо риояи талаботи техникӣ ва мутобиқ ба нақшаи тасдиқшуда марҳила ба марҳила идома дошта, роҳҳои асосии дохилии деҳа пурра навсозӣ хоҳанд шуд. Ин тадбир ба беҳтар гардидани инфрасохтори нақлиётӣ, рушди фаъолияти иқтисодӣ ва баланд шудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ низ мусоидат мекунад.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ созандагию бунёдкорӣ дар ҳама ҷамоатҳои деҳот вусъати тоза гирифтааст. Бунёду навсозии роҳҳо, иншооти иҷтимоӣ, сабзазоркунӣ ва дигар корҳои созандагӣ аз ҷумлаи иқдоме мебошанд, ки бо ҳамбастагии сокинон амалӣ гардида, симои деҳаву маҳалҳоро боз ҳам зебову обод мегардонанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






