35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен зиёда 10 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо мумфарш гардид

Июль 31, 2026 14:34

ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен бо ташаббуси сокинони ватандӯст ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша зиёда аз 10 километр роҳҳои дохилии маҳаллаҳо мумфарш карда шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен иттилоъ доданд, мумфарш гардидани зиёда аз 10 километр роҳҳои дохилии Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин ба беҳтар шудани ҳаракати нақлиёт, осон гардидани рафтуомади сокинон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ арзёбӣ мегардад.

Ободонии маҳал ва беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Татбиқи чунин иқдом боиси беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди маҳалҳо мегардад.

Саҳми фаъолонаи аҳолӣ дар иҷрои корҳои ободонӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҳамбастагӣ ва ватандӯстии сокинон буда, барои рушди минбаъдаи деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен

Июль 31, 2026 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд