35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза гирифтааст

Июль 24, 2026 16:45

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои навсозӣ ва асфалтпӯшкунӣ оғоз гардидаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, имрӯз Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи Ёвон–Норак, ки аз ҷониби соҳибкор Акбар Ғуломов амалӣ гардида истодааст, дидан намуд.

Таъкид гардид, ки бунёду навсозии ин роҳ барои беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа аҳамияти калон дорад.

Дар ноҳия корҳои навсозӣ ва асфалтпӯшкунии роҳи мошингарди Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе ва корҳои сохтмонӣ дар Ҷамоати деҳоти Даҳана низ идома доранд.

Роҳи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва дастгирии соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонзода пурра навсозӣ ва мумфарш карда мешавад. Дарозии умумии қитъаи роҳ 18 километрро ташкил дода, пас аз анҷоми корҳо шароити ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинон ба таври назаррас беҳтар хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Даҳана сохтмони Маркази хизматрасонӣ барои баргузории тӯю маъракаҳо идома дорад.

Ин иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории маъракаҳои сокинон бунёд гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойи нави кор мусоидат хоҳад кард.

Дар маркази шаҳраки Ёвон сохтмони майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ идома дорад.

Мувофиқи маълумот, лоиҳаи бунёди майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ 26 марти соли 2026 зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон муаррифӣ гардида буд.

Иншоот дар кӯчаи М. Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Ёвон дар 1,1 гектар бунёд шуда, корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳаи тасдиқшуда бо сифати баланд амалӣ гардида, дар айни замон дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд.

Майдони нав бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ тарҳрезӣ гардида, дар он Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷойгир карда мешаванд. Ин маҷмааи меъморӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори халқи тоҷик хизмат хоҳад кард.

Интизор меравад, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот он ба яке аз марказҳои асосии баргузории чорабиниҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва қабули меҳмонони расмӣ дар ноҳияи Ёвон табдил ёбад. Ҳамзамон бо бунёди ин майдон симои маркази ноҳия боз ҳам зеботар гардида, барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон муҳити мусоид фароҳам хоҳад омад.

Ҳамчунин дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Ёвон сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии муассиса аз се ошёна иборат буда, барои 800 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Иншоот мутобиқ ба талаботи муосири соҳаи маориф бунёд гардида, аз 30 синфхона иборат мебошад.

Тибқи лоиҳа, бино бо тамоми инфрасохтори зарурии таълимӣ таъмин мегардад. Аз ҷумла, дар он кабинетҳои фаннӣ барои омӯзиши физика, химия, биология, технология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил карда шуда, барои гузаронидани дарсҳо бо истифода аз усулҳои муосири таълим шароити мусоид муҳайё карда мешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимӣ имконияти муассиса барои фарогирии бештари хонандагон васеъ гардида, масъалаи норасоии синфхонаҳо то андозаи зиёд бартараф хоҳад шуд. Ҳамзамон муҳити муосири таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июль 24, 2026 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд