35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бохтар беш аз 260 иншооти ҷашнӣ бунёд карда мешавад

Июль 31, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бунёди беш аз 260 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди он мавриди истифода қарор дода шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар даданд, дар маҳаллаи Турсунзодаи шаҳри Бохтар  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ меҳмонхонаи нави «Аниса» бунёд гардид. Он дорои 18 ҳуҷраи барҳавои хоб мебошад. Иншоот имконият дорад, ки 50 нафар меҳмонро қабул намуда, бо хизматрасонии босифат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори хизматрасонӣ дар маркази вилоят мусоидат намояд.

Ҳамчунин дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳр сохтмони бинои раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон бо дастгирӣ ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон идома дорад. Бинои нави маъмурӣ панҷошёна буда,  дорои таҳхона мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, рангубори дохили бино ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ идома дорад.

Таъкид гардид, ки бинои нави маъмурӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандони соҳа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ аҳамияти калон дорад.

Дар шаҳр инчунин сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Баистифодадиҳии ин бино ба фароҳам овардани шароити беҳтари таълиму тарбия ва коҳиш додани норасоии ҷойи нишаст дар муассиса мусоидат хоҳад кард.

Дар шаҳри Бохтар ҳамчунин сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии №14 барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаи шаҳри Бохтар бунёд гардида, баъди ба истифода додан барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр сохтмони бинои нави Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, бинои нави Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва ду бинои нави таълимии назди Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар идома дорад.

Бояд гуфт, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави иҷтимоӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва хизматрасонӣ дар рушди инфрасохтори шаҳр, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани шароити зиндагии сокинон саҳми назаррас мегузорад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 31, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд