35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак барои кӯдакон муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд
НОРАК, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Навдеи Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак сохтмони бинои дуошёнаи кӯдакистон барои 100 нафар ва дар минтақаи манзилии рақами 3-и маркази шаҳр кӯдакистони хусусӣ барои 300 нафар идома дорад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд мудири бахши сохтмон ва меъмории шаҳри Норак Шамшод Ҳомидов иттилоъ дод.
Ба хотири амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ то имрӯз дар деҳаи Чал-Чал барои 100 кӯдак ва дар деҳаи Чашма-1 барои 60 нафар кӯдакистон ба истифода дода шуд. Дар айни замон ҳуҷҷатгузории замини ду муассисаи томактабии дигар идома дошта, моҳҳои наздик сохтмони онҳо оғоз мегардад.
Дар баробари бунёди муассисаҳои томактабӣ имрӯзҳо сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и деҳаи Лангар ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 дар маркази шаҳр оғоз гардида, идома доранд. Бо ин амал дар оянда мушкилии норасоии ҷойи нишаст дар ин муассисаҳо пурра бартараф мегардад.
Дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 197 иншоот, аз ҷумла 8 бинои маъмурӣ, 9 муассисаи таълимӣ, 6 муассисаи табобатӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 20 корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 147 иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 200 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, 533 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






