35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Спитамен якчанд иншооти маорифу тандурустӣ ба истифода дода мешавад

Июль 5, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен сохтмон ва навсозии як қатор иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар маркази ноҳия сохтмони бинои нави шуъбаи маориф идома дошта, он аз се ошёна иборат мебошад. Бино аз 18 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи машваратӣ ва ошхона иборат хоҳад буд.

Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Куруш кӯдакистони нави сеошёна барои 300 кӯдак бунёд мегардад. Дар муассиса 10 гурӯҳ, ҳуҷраҳои таълиму истироҳат, ошхона, утоқҳои санитарӣ, ҳуҷраи ҳамшираи шафқат ва дигар инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Айни замон дар ноҳияи Спитамен 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 33 ҳазору 374 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 2089 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд. Барои фарогирии хонандагон дар давраи таътили тобистона назди 33 муассисаи таълимӣ истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ташкил гардида, зиёда аз 8500 нафар хонанда аз онҳо истифода мебаранд.

Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Куруш сохтмони бунгоҳи нави тиббӣ идома дошта, он бо саҳми сокинон бунёд мешавад. Интизор меравад ин иншоот то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад.

Тибқи лоиҳа, бунгоҳи тиббӣ аз 11 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраи бистарикунонии рӯзона, доругузаронӣ ва утоқҳои қабулу машваратии табибон иборат буда, дар он бахшҳои момодоягӣ, осебшиносӣ, дандонпизишкӣ ва дигар хизматрасонии тиббӣ ташкил карда мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 5, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд