35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон иншооти нави соҳаи тандурустӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд

Июль 25, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар ноҳияи Ёвон се иншооти нави соҳаи тандурустӣ ва як коргоҳи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Дар деҳоти Чоргул бунгоҳи тиббии деҳаи навбунёди Гулафшон-3 ва дар деҳоти Норин бинои нави Маркази саломатии деҳоти «Якуми Май» ифтитоҳ гардид.

Зимни ифтитоҳи иншоот, ки бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббии Гулафшон-3 аз се утоқи корӣ иборат буда, барои фаъолияти панҷ корманди соҳаи тандурустӣ пешбинӣ шудааст. Маркази саломатии деҳоти «Якуми Май» аз ҳашт утоқи корӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои ҳашт нафар ҷойи нави кор таъсис дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳар ду муассисаи тиббӣ бо дастгирии соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, таҷҳизоти маркази саломатӣ бо саҳми шарикони рушд дастрас шудааст.

Ифтитоҳи ин иншоот ба беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар ноҳияи Ёвон маркази ташхисию табобатии хусусии «Умеди солим» ба фаъолият оғоз намуд. Марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он хизматрасониҳои стоматологӣ, ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ), ташхиси рентгенӣ, физиотерапия, масҳ ва дигар намудҳои хизматрасониҳои тиббӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ба иттилои масъулон, фаъолияти марказ имкон медиҳад, ки сокинони ноҳия ва маҳалҳои атроф бе сафар ба дигар шаҳру ноҳияҳо аз хизматрасонии муосири ташхисию табобатӣ истифода баранд.

Ҳамчунин дар деҳаи Зафар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии «Шириниҳои Марям» ифтитоҳ шуд. Коргоҳ бо ташаббуси соҳибкорзани маҳаллӣ Фарзона Нуралиева бунёд гардида, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ машғул хоҳад шуд.

Бо оғози фаъолияти коргоҳ барои 10 нафар занони хонанишин ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.

Иброз гардид, ки рушди чунин коргоҳҳо барои дастгирии соҳибкории занон, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат аҳамияти муҳим дорад.

«Ифтитоҳи ин иншоот дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таъсиси ҷойи нави кор мусоидат мекунад», — шарҳ доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Июль 25, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд