35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Мумфаршкунии роҳи асосии даромадгоҳи «Наврӯзгоҳ»-и Хуҷанд оғоз гардид

Июль 23, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳи асосии даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, барои иҷрои корҳои роҳсозӣ 14 техника ва 28 мутахассис ҷалб шудаанд. Масоҳати умумии роҳи мумфаршшаванда беш аз 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, корҳои мумфаршкунӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ гардида, пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат-2018» мебошад.

Таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд барои таъмири роҳҳо тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Танҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 дар вилояти Суғд қариб 1100 километр роҳ таъмиру таҷдид гардидааст. Аз ин ҳисоб 189,2 километр таъмири асосӣ, 538,4 километр таъмири ҷорӣ ва 355,8 километр роҳ шағалпӯш карда шудааст.

Мумфарш гардидани роҳи даромадгоҳи «Наврӯзгоҳ» идомаи корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ буда, ба беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон мусоидат мекунад.
Беҳтар гардидани ҳолати роҳ ба рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ низ мусоидат менамояд, зеро ҳамарӯза садҳо нафар сокинон ва сайёҳон барои истироҳату фароғат ба ин мавзеи зебоманзари соҳили дарёи Сир меоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 23, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд