4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7661 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 6943 қарор қабул гардида, 6784 дастур дода шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода иброз дошт.
Ба иттилои Ориф Хоҷазода, нисбат ба 6943 ҳолати қонунвайронкунӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.
Инчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 819 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, заминҳои обӣ зиёд шудаанд.
Бо вуҷуди корҳои анҷомдода, то ҳол дар ҷумҳурӣ 19545 гектар заминҳои партов ва 5750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуданд. Барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯӣ менамояд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






