8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 08:00 дар вазорат доир мешаванд.
Дар Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Комиссияи олии аттестатсионӣ соати 10:00 баргузор мешавад.
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотии Авиатсияи гражданӣ ва зерсохторҳои он, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» соати 11:00 баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






