АҲАМИЯТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Мулоҳизаҳо дар ин маврид

Июль 31, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 июни соли 2026 дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ ба амал омад, ки он ба қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027- 2036)» иртибот дорад.

Зарурати қабули қатънома

Ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳид дар шароите қабул гардид, ки фазои геополитикӣ, геостратегӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии ҷаҳон дар ҳолати буҳрони шадид ва амиқ қарор дорад. Ҳоло инсоният шоҳиди рақобати пуршиддати абарқудратҳо ва қудратҳои минтақавӣ барои нуфуз доштан дар минтақаҳои мухталифи сайёра гаштааст. Ин ҳолати буҳронӣ солҳои охир барои пайдоиши низоъ ва ҷангҳо дар минтақаҳои гуногуни дунё замина фароҳам овард, ки то имрӯз идома доранд ва роҳи ҳалро ҳам пайдо накардаанд. Сабаби сар задани чунин низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, пеш аз ҳама, нақзи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва риоя накардани принсипҳои ҳамзистии осоишта мебошад, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид муқаррар гаштааст. Дар ин қарина бояд тазаккур дод, ки ҳуқуқи байналмилалӣ барои танзими низоми муносибатҳои байналмилалӣ пайдо шудааст. Ин падидаи нодири инсоният абзоре мебошад, ки ба сар задани ҷангу низоъ дар ҷаҳон имконият намедиҳад. Аммо солҳои охир нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ бештар ба назар расида, боиси маҳдуд шудани майдони муколамаи сулҳ мегардад.

Коҳиш ёфтани чорчӯбаи муколамаи сулҳ, ки аслан рисолати Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ҷомеаи ҷаҳониро ба пайдо намудани консепсияи нави сулҳофарӣ водор месозад. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бозингарони бонуфузи нав, аз қабили ташкилоти байналмилалӣ, марказҳои коршиносони сатҳи байналмилалӣ, воситаҳои ахбори оммаи сатҳи байналмилалӣ, бузургширкатҳои рақамӣ пайдо шудаанд, ки ба равандҳои гуногун дар ҷаҳон таъсири амиқ мерасонанд. Яъне агар чанд даҳсола қабл асосан давлатҳои миллии мустақил дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳонӣ иштирок мекарданд, пас имрӯз доираи иштирокчиёни равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир васеътар гаштаанд, ки бояд ин ҳолат дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ ба инобат гирифта шавад.

Ҳоло ташаккули низоми ҷаҳони бисёрқутба боиси аз байн рафтани моделҳои кӯҳнаи ҳамкорӣ ва робитаҳо байни давлатҳо гардидааст. Аз ин рӯ, на танҳо моделҳои ҳамкории байналмилалӣ бояд такмил дода шаванд, балки ҷаҳон имрӯз ба низоми муосир ва ягонаи арзишҳову меъёрҳои умумиинсонӣ ниёз дорад. Зеро солҳои пешин меъёрҳои дугонаи арзёбии ҳолатҳои гуногун, хусусан зуҳуроти манфӣ, ба мисли терроризми дорои ангезаи динӣ ва экстремизми динӣ-сиёсӣ дар ҷаҳон низ як сабаби дигари сар задани буҳрони амиқ дар кулли соҳаҳои ҳаёти инсоният гаштаанд. Ҷаҳон дар айни замон дар ҳолати бесарумонӣ ва ё анархия қарор дорад. Риторикаи ҷангӣ бар риторикаи сулҳпарастӣ афзалият пайдо кардааст. Хусусан аз ҷониби баъзе сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ садо додани гуфтор ва ё риторикаи ҷангӣ боиси пайдо шудани ноумедӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Чунин шароити бавуҷудомада мардуми оламро ба ҷустуҷӯи парадигмаи нави таъмини сулҳ ва ташаккули фарҳанги нави сулҳофарӣ дар ҷаҳон роҳнамоӣ менамуд. Яъне дар шароити ҷаҳони пуртазоди кунунӣ масъалаи сулҳ ва субот ба яке аз муаммои асосии инсоният табдил ёфтааст. Низоъҳои минтақавӣ, буҳронҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои амниятӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, то роҳҳои нави дипломатияи сулҳро ҷустуҷӯ намоянд.

Қатънома — паёми сулҳофаронаи Пешвои тоҷикон барои таъмини саодати инсоният!

Иқдоми навини Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои ояндаи инсоният давоми мантиқии кӯшишҳои Пешвои миллат дар масири сулҳофарӣ мебошад. Ин иқдом аз рӯзе оғоз гардид, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати худ муроҷиат намуданд, ки “ман ба шумо сулҳ меоварам”. Афкору андеша ва риторикаи тамаддунофаронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат фақат бо падидаи сулҳофарӣ иртибот дошт. Давоми фаъолияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афкору андешаҳои сулҳпарваронаашон аз як иқдоми умумимиллӣ барои таъмини сулҳу ризоият дар ҷомеаи тоҷик, ки баъдан таҷассуми худро дар консепсияи Ваҳдати миллӣ пайдо кард, мантиқан ба иқдоми фароминтақавӣ таҳаввул кард ва боиси пайдоиши Эъломияи Хуҷанд дар бораи “Дӯстии абадӣ” гардид, ки ин падида, албатта, шоҳсутуни устувор дар таҳкими сулҳ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, иқдоми умумимиллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси фароминтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва баъдан ба ташаббуси глобалӣ бо номи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027- 2036)” табдил ёфт. Дар заминаи ин ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон, ба назари мо, афкору андешаҳои сулҳпарварона, таҷрибаи бузурги сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин донишҳои амиқи Роҳбари тоҷикони ҷаҳон оид ба таърих ва фарҳанги сулҳофарии тоҷикон, пайравияшон аз таҷрибаи сулҳофарии гузаштагони ориётабори миллати тоҷик, хусусан Куруши Кабир меистад.

Аҳамият ва дурнамои татбиқи қатънома барои таъмини сулҳи дарозмуддат дар ҷаҳон

Бешубҳа, Тоҷикистон ба воситаи ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027- 2036)” модели нави ҳамзистии кулли субъектони муосири муносибатҳои байналмилалиро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд. Чунончӣ, дар қатънома дарҷ гардидааст, ки ҳадафи асосии Даҳсола фароҳам овардани шароит барои ба назар гирифтани манфиатҳои наслҳои оянда дар равандҳои қабули қарорҳо мебошад. Ин густариши ҳамкорӣ байни кӯдакон, ҷавонон ва наслҳои калонсол, инчунин ворид намудани роҳкорҳои дарозмуддат ба сиёсати давлатиро дар бар мегирад.

Дар қатънома саҳми давлатҳо, роҳбарон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими сулҳ тавассути равандҳои фарогири сиёсӣ, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузорӣ дар ваҳдати иҷтимоӣ истиқбол карда мешавад. Дар ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки ин таҷрибаҳо ҳамчун манбаи илҳом барои татбиқи ташаббусҳои нав хизмат мекунанд.

Тибқи қатънома, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои махсусгардонидашудаи он, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои низоми Созмони Милали Муттаҳид вазифадор шудаанд, ки дар татбиқи Даҳсола ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Дар ин ҳуҷҷат аз ҳукуматҳо, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва бахши хусусӣ даъват карда мешавад, ки дар ин ташаббус фаъолона иштирок кунанд, таҷрибаҳои беҳтаринро мубодила кунанд ва иқтидори сулҳофариро дар ҷаҳон афзоиш диҳанд.

Қабули ин қатънома дар замоне ба амал меояд, ки миллионҳо нафар шаҳрвандони осоишта дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо таҳдидҳои амниятӣ ва низоъҳои мусаллаҳона рӯбарӯ ҳастанд. Дар қатънома иброз гардидааст, ки имрӯз ташаббуси Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад ва нақши кишвари мо ҳамчун ҷонибдори фаъоли рӯзномаи сулҳи ҷаҳонӣ таъкид мегардад. Таҷрибаи Тоҷикистон, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, дар расидан ба мусолиҳаи миллӣ муваффақ шудааст, ба ин ҳуҷҷат аҳамияту эътибори бештар медиҳад. Дар қатънома махсус қайд мегардад, ки “барои тоҷикон, ки ба сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдат арҷ мегузорад, маҳз сабақҳои гузашта асоси пешрафти муколамаи созанда дар арсаи байналмилалӣ гардидаанд”.

Дар ҳақиқат, таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди сулҳофаринӣ ва саҳми он дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ намунаи муваффақи сулҳофарӣ барои ҷомеи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар ва сулҳофар дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳи ҷаҳонӣ эътирофи глобалӣ пайдо намудааст. Сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон дар самти таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро ба яке аз фаъолтарин давлатҳо дар дипломатияи сулҳ табдил додааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои об, иқлим ва амният ҳамеша бо руҳияи ҳамгироӣ ва сулҳпарварӣ баён мегарданд. Дипломатияи сулҳ на танҳо самти сиёсати хориҷӣ, балки зарурати ҳаётии ҷомеаи муосир мебошад. Тоҷикистон бо таҷрибаи ғанӣ дар ин самт метавонад ҳамчун пули эътимод байни давлатҳо ва минтақаҳо хизмат намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дипломатияи байналмилалиро тавассути идеяҳои инноватсионӣ, аз қабили таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ, таблиғи энергияи “сабз” ва рақамикунонии мероси фарҳангӣ ташаккул медиҳанд. Сарварии Пешвои миллат бо дурнамо, қобилияти муколама ва садоқат ба рушди устувор тавсиф мешавад ва ӯро ба шахсияти калидӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии асри XXI табдил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири дипломатияи байналмилалӣ иқдомҳои фавқулода нишон медиҳанд ва кишварҳои ҷаҳони мутамаддинро дар атрофи ҳадафҳои муштараки сулҳ, рушди устувор ва ваҳдати фарҳангӣ муттаҳид менамоянд. Ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар дипломатияи об ва иқлим, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ бо чаҳорчӯбаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва идеяҳои инноватсионӣ тақвият ёфтаанд. Мо мутмаин ҳастем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд ҳам ҷомеаи байналмилалиро бо андешаҳои башардӯстонаашон илҳом мебахшанд ва ояндаеро ташаккул медиҳанд, ки дар он ҳамкорӣ ва рушди устувор асоси тартиботи ҷаҳониро ташкил медиҳанд.

Бо назардошти саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот дар ҷаҳони муосир ва дар доираи татбиқи Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда(2027- 2036)” пешниҳод мекунем, ки:

— номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарфароз гардидан бо Ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карда шавад. Бо амалҳои мушаххас ва муассири худ барои таъмини сулҳу субот барои инсоният, хусусан барои наслҳо оянда Пешвои миллати тоҷикон арзандатарин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ барои сарфароз гаштан бо ин ҷоиза мебошанд!

— дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид Институти таҳқиқотии сулҳофарии ба номи Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шавад! Замоне фаро расидааст, ки таҷриба ва моделҳои беҳтарини сулҳофарии кишварҳои ҷомеаи мутамаддин, аз ҷумла Тоҷикистон пажӯҳиш шаванд ва роҳкору методологияи навини таъмини сулҳ дар ҷаҳон омӯзиш ва кашф гарданд. Таъсиси чунин муассиса татбиқи ҳадафҳои қатъномаро боз ҳам босамар ва муассиртар хоҳад кард!

— Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шавад. Вақте фаро расидааст, ки барои сиёсатмадорону олимони хориҷӣ ва ватанӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии хориҷӣ ва ватанӣ, занон ва ҷавонони сулҳпарвар, ки дар пайравӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳ дар ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, Ҷоизаи махсус таъсис дода шавад !

Рустам ҲАЙДАРЗОДА,
директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 31, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
Чаро дар тобистон нӯшидани оби зиёд зарур аст?
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст