Ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд гардидааст

Июль 20, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ дар интиҳои моҳи июни соли 2026 мутаносибан ба 63,6 миллиард сомонӣ ва 51,5 миллиард сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 мувофиқан 21,8 фоиз (ё 11,4 миллиард сомонӣ) ва 22,4 фоиз (ё 9,4 миллиард сомонӣ) зиёд мебошанд.

Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 20 июл дар Душанбе дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, дар ин давра сармояи тавозунии ташкилоти қарзии молиявӣ ба 12,1 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 2,0 миллиард сомонӣ ё 19,5 фоиз зиёд шудааст.

Фирдавс Толибзода афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 июни соли 2026 дар маҷмуъ
69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 27 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 2 ташкилоти қарзии хурд ва 21 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ ба 1 ҳазору 971 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2025 29 адад зиёд мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд