Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Беларус дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфт

Июль 28, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Михаил Мятликов баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар доираи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷониба, имзои шартномаҳои тиҷоратӣ ва қадамҳои стратегиро барои низоми фаъолсозии фаъолияти Шурои кории муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар тамоюли рушд касб намуда, ҳаҷми гардиши савдо байни давлатҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки сарфи назар аз нишондиҳандаҳои мусбат иқтидори воқеии содиротии Тоҷикистон пурра истифода нашудааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки занҷираҳои тиҷоратиро ба самти ҳамкории амиқи саноатӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак равона созанд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 28, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд